Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори иҷрокунандаи Хазинаи байналмилалии асъор Томас Мозер

28.04.2008 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷрокунандаи Хазинаи байналмилалии асъор Томас Мозерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд.

Мусоҳибон дар бораи вазъи макроиқтисодии Тоҷикистон, ҳамкории он бо кишварҳо ва муассисаҳои байналмилалии мададрасон, такмил додани низоми пулию қарзӣ ва санҷиши фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Томас Мозер ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барқарорсозии фазои боварию эътимоди байниҳамдигарӣ бо Хазинаи байналмилалии асъор баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки ӯ баҳри бартараф кардани монеаҳои ҳамкорӣ ба кишвари мо кӯмак мерасонад.

Ба гуфти Томас Мозер ӯ вазифадор аст, ки дар Хазинаи байналмилалии асъор аз манфиатҳои Тоҷикистон пуштибонӣ кунад.

Ҷонибҳо изҳори умеду боварӣ намуданд, ки ба зудӣ ҳамаи мушкилоти мавҷударо бартараф сохта, ба идомаи татбиқи босамари Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва дигар самтҳои ҳамкорӣ заминаи муносиб эҷод мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520