Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Холид Усмон Қайсар

28.04.2008 11:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Холид Усмон Қайсар эътимоднома қабул намуд.

Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Холид Усмон Қайсар, ки баъди супоридани эътимоднома баргузор гашт, масоили густариши минбаъдаи муносибатҳои судманди Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт: - «густариш ва таҳкими равобит бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва байни ду минтақа самти муҳими стратегияи хориҷии давлати мост». Дар робита ба ин ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳо бо кишвари дӯсти Покистон таваҷҷӯҳи хос дорад.

Мусоҳибон бар он, ки муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии ду кишвар ҷавобгӯи имкону захираҳои мавҷуда ва манфиатҳои ҳамдигар нестанд, ҳамфикрӣ зоҳир намуда, баҳри тавсиаи ҳамкориҳо дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии энергетикӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд. Таваҷҷӯҳи хос ба иштироки Покистон дар бунёди нерӯгоҳи обии Роғун ва хатҳои минтақавии баландшиддати интиқоли нерӯи барқ зоҳир гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон, авзои кунунии иҷтимоию сиёсии он ва доир ба масоили амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520