Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Сарвазири Япония Фумио Кисида

03.01.2024 17:11, шаҳри Душанбе

3 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Япония муҳтарам Фумио Кисида барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари заминларза дар нимҷазираи Нотои префектураи Исикава, ки талафоти инсонӣ ва хисороти зиёди молӣ бар ҷой гузоштааст, боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсти Япония ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву таслияти самимии ин ҷонибро иброз намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷилу комил мехоҳам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520