Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Кувайт дар Тоҷикистон Азиз Раҳим ад - Деҳанӣ

28.04.2008 12:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Кувайт дар Тоҷикистон Азиз Раҳим ад - Деҳанӣ эътимоднома қабул намуд.

Дар сӯҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Азиз Раҳим ад - Деҳанӣ, ки баъди қабули эътимоднома ҷараён гирифт, масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо аз заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкорӣ, ки байни ду кишвар мавҷуд аст, изҳори қаноатмандӣ карда, ривоҷ додани равобити сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва иштироки сармояи Давлати Кувайтро дар татбиқи лоиҳаҳои пурманфиати Тоҷикистон зарур шумурданд.

Гуфтугӯйи судманд дар бораи ба роҳ мондани ҳамкории ба ҳарду ҷониб судбахш дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати сабуку хӯрокворӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва нафту газ ва бунёди инфрасохтори туризм анҷом ёфт.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи авзои сиёсию иҷтимоии минтақа ва ҷаҳонӣ ва ҳамгироиҳои байналмилалӣ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520