Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

26.04.2008 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, татбиқи қонунҳои ҷумҳурӣ, таҷлили 63 солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ғамхорӣ ба иштирокчиёну маъюбони ҷанг ва ҳамчунин масъалаи иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар корҳои судманд супоришҳои қатъӣ дод.

Дастур дода шуд, ки баҳри фаҳмондадиҳии нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони худ ва иҷрои саривақтию босифати супоришҳои дар он омада нақшаи чорабиниҳои мушаххас таҳия карда шавад.

Дар робита ба ҷашни 63-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бошад, онҳо вазифадор шуданд, ки ба собиқадорони ҷангу меҳнат ғамхории самимӣ зоҳир намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520