Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақдими Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25.04.2008 15:00, шаҳри Душанбе

Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм баргузор гашт, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол дошта, самтҳои асосӣ ва дурнамои сиёсати дохилию хориҷии давлатро муайяну мушаххас намуд.

Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони мардумӣ, Сарвазири мамлакат ва аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти марказии судӣ ва дигар идораҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, корхонаю муассисаҳои воҳиди давлатӣ, бонкҳои ҷумҳурӣ, Академияи улуми Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзӣ, ректорони муассисаҳои олии таълимӣ, намояндагони воситаҳои ахбори умум, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва дигар шахсони дахлдор ширкат намуданд.

Баъди оғози ҷаласаи якҷоя, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев ҷараён гирифт, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон паёми навбатии худро ба Парлумони кишвар ирсол намуд.

Дар оғоз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки паёми имсола идомаи мантиқии паёмҳои солҳои пешин буда, дар он вазифаҳои дарозмуддати қаблан гузошташуда, такмил меёбанд ва вазифаҳои нав муайяну мушаххас мешаванд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи асосӣ аз ҳама вазифаҳо ва тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои наздик 2,5 баробар афзун намудани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, 2 баробар паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтарсозии некуаҳволии мардуми кишвар аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хисороти зимистони гузашта, ки ҳаҷми он 2 миллиарду 900 миллион сомониро ташкил додааст, аз офатҳои табии баҳори ҷорӣ ва ҳам аз болоравии нархи маводи ғизоӣ дар бозори ҷаҳонӣ ёдовар шуда, иҷрои бечунучарои муроҷиатномаи худро баҳри афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар дохили кишвар ва фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи ҳамарӯзаи мардум аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кунунӣ маънидод кард. Таъкид намуд, ки танҳо тавассути истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корам, ду – се ҳосил рӯёндан аз заминҳои обӣ ва зиёд намудани истеҳсолоти ватанӣ мо метавонем бозори дохилии худро аз таъсири омилҳои манфии беруна ҳифз намуда, амнияти озуқавории кишварро таъмин созем.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бӯҳрони энергетикии кишварро омили асосии нигаҳдорандаи рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар маънидод карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки баҳри бартараф намудани ин монеаи бузург дар баробари сохтмони нерӯгоҳҳои калони барқӣ ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ ҳамчунин 95 нерӯгоҳи хурд сохта, ба истифода дода шуд, сохтмони 21 тоаш идома дорад ва 20 тои дигар дар нақша аст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди идомаи сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун таъкид дошт, ки бунёди ин ва дигар иншооти обию энергетикии Тоҷикистон ба зарари ягон кишвари ҳамсоя равона намегардад, балки ба манфиати кулли мамлакатҳои минтақа аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуд, ки баҳри таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷуда, бунёди нерӯгоҳи обии 1000 мегаватаи Шӯроб дар болои дарёи Вахш, нерӯгоҳи 80 – мегаватаи Санобод дар ноҳияи Рӯшони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мавриди истифода қарор додани захираҳои фаровони уран чораҳои зарурӣ андешад. Таъкид гардид, ки 13-14 дар сади захираи ҷаҳонии уран дар ҳудуди Тоҷикистон аст.

Рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон, сиёсати пулию қарзӣ, низоми андоз ва гумрук ва дастгирии соҳибкории хурду миёнаи хусусӣ аз вазифаҳои муҳим арзёбӣ гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки бо мақсади дастгирӣ ва рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна ба тамоми намуди санҷишҳои онҳо ба мӯҳлати ду сол мораторий эълон карда шавад

Таваҷҷӯҳи махсус ба ислоҳот ва рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зоҳир гардид. Таъкид гашт, ки аз моҳи июли соли ҷорӣ баҳри баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа тадбирҳои судбахш амалӣ мегарданд.
Тибқи нишондодҳои ислоҳоти мазкур ҳадди ақалли маош ба 60 сомонӣ ё се баробар, ҳадди ақалли нафақа ба 50 сомонӣ ё дуюним баробар зиёд карда шуда, нафақаи ниҳоӣ аз 180 ба 300 сомонӣ расонида мешавад.

Сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳизи ҳуқуқу тартиботи кишвар баҳри пурзӯр намудани удрати дифоии дав лат, омода кардани мутахассисони хуби касбӣ, тақвият додани интизоми хизматӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан бо коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир вазифаҳои қатъӣ гирифтанд. 

Вазифаҳои мушаххас ҳамчунин баҳри так мил додани низоми идораи давлатҳ ва баланд бардоштани дараҳаи касбию кордони хизматчиёни давлатҳ гузошта шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳимоя ва таъмини манфиатҳои олии давлату миллатро дар арсаи байналмилалӣ аз ҳадафҳои волои сиёсати Њукумати кишвар маънидод карда, изҳор дошт, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон таѓйири ҷавҳарӣ напазируфтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамсояҳои дуру наздики мо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Иқтисодии Евразияро шарикони санҷидаи Тоҷикистон номида, таъкид дошт, ки ҳамкорӣ бо онҳо минбаъд низ густариш хоҳад ёфт.

Зарурати густариши робитаҳои созанда ва ҳамкории судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон таъкид гашт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро ҳамчунин шарики фаъоли эътилофи байналмилалии мубориза бо терроризм номида, таъкид бар он дошт, ки ҳамкории ҳамаҷонибаи кишварро бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳоди Аврупо бо Созмони Њамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва дигар институтҳои минтақавию байналмилалӣ идома хоҳад дод.

Дар фароварди паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷашнҳои бузургу таърихии соли равон - 17-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, 1150- солагии султони шоирони Аҷам - устод Рўдакӣ ёдовар шуда, мардумро ба ваҳдату ягонагӣ, худшиносию ватандўстӣ, ифтихору сарфарозӣ аз давлати миллии худ, пос доштани забони шаҳдбори тоҷикӣ ва меҳнати созандаю бунёдкорона даъват намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520