Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 16 январи соли 2024 №11
ш. Душанбе

Дар бораи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва
варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Гулаҳмадзода З.А.



Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.



Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 

ГУЛАҲМАДЗОДА Зулфиқор Аҳмад
 

аз 24 августи соли 2022 дар Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб шуд.

Соли таваллуд: 06 апрели соли 1988 Ҷои таваллуд: ноҳияи Данғара

Миллат: тоҷик Маълумот: олӣ

Соли 2010 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро (рӯзона), соли 2018 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ғоибона) ва соли 2022 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст.

Ихтисос: иқтисодчӣ, молия ва қарз, идораи давлат ва ҳуқуқ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ (бо луғат)

Унвони илмӣ: унвонҷу

Вакили халқ ҳаст ё не: Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 4 фарзанд

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 2004-2005

Донишҷуи Литсейи техникии аграрии ноҳияи Данғара, роҳбалади Осорхонаи миллии ноҳияи Данғара

Солҳои 2005-2010

Донишҷӯи Донишгоҳи иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2010-2012

Мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансур

Солҳои 2012-2013

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар РКД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2012-2014

Мудири бахши омор ва ба ҳисобгирии шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, шаҳри Душанбе

Солҳои 2014-2016

Муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, шаҳри Душанбе

Солҳои 2017-2022

Раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, шаҳри Душанбе

Солҳои 2020-2022

Омӯзгори Колеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, шаҳри Душанбе

Аз августи соли 2022 то ҳол

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520