Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳраки Қипчоқ ташриф оварда, оромгоҳи нахустпрезиденти Туркманистон Сапармурод Ниёзовро зиёрат намуд ва дар наздаш гулчамбар гузошт.
Худи ҳамин рӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар назди муҷассамаи Конститутсияи Туркманистон гулчанбар гузошта, бо осорхонаи Конститутсияи ин кишвар ва масҷиди Туркманбошӣ аз наздик шинос шуд.