Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

27.01.2024 17:03, шаҳри Душанбе

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи талаботи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати додани ризоият барои аз вазифа озод намудани муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбакзода Дилшод Саид, Рофизода Мирзоамон Ҳамдам, муовини Прокурори генерали-сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоирзода Икром Оймаҳмад ва ҷиҳати таъин намудани Каримзода Умед Раҳматшо ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералӣ, Азимзода Сарвар Бозор муовини Прокурори генералӣ, Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло ба вазифаи муовини Прокурори генералӣ-сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Хамчунин, тибқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» барои ба вазифаи муовинони Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин намудани Амирбекзода Ҳабибулло ва Мирзозода Мусо розигӣ доданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурори вилояти Хатлон, прокурори шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияҳои Сино, Кӯшониён таъин гардиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520