Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Мансурӣ Д.С.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Мансурӣ Дилрабо Сайдулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№719

 

 

 

 

 

МАНСУРӢ Дилрабо Сайдулло

аз 29 январи соли 2024 дар мансаби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд: 29 январи соли 1974           Ҷои таваллуд: шаҳри Хуҷанд  

Миллат: тоҷик                                               Маълумот: олӣ

Соли 1996 Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро  хатм кардааст                                                                                                                    

Ихтисос:                                                          муҳандис-технолог       

Кадом забонҳои хориҷиро медонад:            русӣ, англисӣ

Унвони илмӣ:                                                доктори илмҳои техникӣ (2009) Узви вобастаи  АМИТ (2017)

Вакили халқ ҳаст ё не:                                  Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз

гардонида шудааст ё не:                                Ордени «Шараф дараҷаи 2», соли 2021

Мукофотҳои соҳавӣ:                                    Аълочии маорифи Тоҷикистон, соли 2010

Вазъи оилавӣ:                                                оиладор, соҳиби  2 фарзанд    

Суроға:                                                           ш.Душанбе, кӯчаи Пушин 81, ҳуҷраи 6         

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 1991-1996

Донишҷӯи Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ

05-09 соли 1997

Лаборанти калони кафедраи «Ресандагӣ ва иқтисодиёти соҳа»-и Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ

 

Солҳои 1997-2001

Ассистенти кафедраи «Технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ

Солҳои 2001-2005

Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи  «Технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ

Солҳои 2005-2008

Мудири кафедраи «Технологияи саноати бофандагӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ

Солҳои 2008-2010

Дотсенти кафедраи «Технологияи саноати бофандагӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ

Солҳои 2010-2014

Муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ

Солҳои 2014-2015

Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ

Солҳои 2015-2020

Вакили Маҷлиси намояндагон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия (даъвати панҷум)

Аз моҳи марти соли 2020
то 29 январи соли 2024

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати шашум)

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520