ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Сатториён М.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Сатториён Матлубахон Амонзода вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№720
САТТОРИЁН Матлубахон Амонзода
аз 29 январи соли 2024 дар вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд 19 сентябри соли 1972 Ҷои таваллуд ноҳияи Б.Ғафуров
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
Соли 1994 Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм кардааст
Ихтисос муаллими забон ва адабиёти тоҷик
Унвони илмӣ номзади илмҳои филологӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, форсӣ, англисӣ
Вакили халқ ҳаст ё не вакили Маҷлисҳои вакилони шаҳри Гулистон ва вилояти Суғд
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не - соли соли 2011 медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2017 Медали «Хизмати шоиста»
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1989-1994- |
Донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С.М. Киров, шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 1994-2002- |
Танзимгар, муаллима, сармуаллимаи кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи Б.Ғафуров, шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2002-2003- |
Муовини декан, сармуаллимаи кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи Б.Ғафуров, шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2003-2008- |
Сармутахассис, муовини мудири шуъбаи илм, сармуаллимаи кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии ба номи Б.Ғафуров, шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2008-2011- |
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд |
01-08 соли 2011- |
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Табошари вилояти Суғд |
Солҳои 2011-2014- |
Раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд |
Солҳои 2014-2018 |
Раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд |
Солҳои 2018-2020 |
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд |
аз ноябри соли 2020 |
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон |