Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ
ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Раҳимзода С.Н.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№721

 

РАҲИМЗОДА Султон Нурмаҳмадпур          

 

аз 29 январи соли 2024  дар вазифаи  раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд   12 декабри соли 1974     Ҷои таваллуд   шаҳри Норак

Миллат   тоҷик                                           Маълумот         олӣ

соли 1996  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро  хатм кардааст

Ихтисос     муҳандиси сохтмони иншоотҳои обӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ, англисӣ, форсӣ 

Вакили халқ ҳаст ё не   нест 

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  - соли 2011  медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон»

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 1991-1996

Донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1996-1997

Электоромонтёри лабораторияи электортехникии Нерӯгоҳи Барқии Обии Норак

Солҳои 1999-2000

Техники шӯъбаи истеҳсолӣ-техникии ҶСК «Норак НБОсоз»

Солҳои 2000-2002

Оператори мошинҳои электронии ҳисоббарори сехи иншоотҳои обии НБО-и Норак

Солҳои 2002-2003

Муҳандиси барномасози сехи иншоотҳои НБО-и Норак

Солҳои 2003-2004

Сармутахассиси бахши иттилоотии Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмилалии наҷоти Арал

Солҳои 2004-2005

Сардори бахши иттилоотии Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмилалии наҷоти Арал

Солҳои 2005-2009

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмиллалии наҷоти Арал, шаҳри Душанбе

Солҳои 2009-2010

Мудири Шӯъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2010-2013

Муовини якуми Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2013-2019

Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2019-2020

Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон  ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал ва  дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка

аз сентябри соли 2020
то 29 январи соли 2024

Раиси Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмиллалии наҷоти Арал

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520