ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 29 январи соли 2024 №15
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон
ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Қурбонзода Ҳ.Ҷ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон