ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 29 январи соли 2024 №25
ш. Душанбе
Дар бораи ректори Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав»
таъин намудани Қурбонзода М. Р
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат
аз 29 январи соли 2024 дар мансаби ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» кор мекунад
Соли таваллуд: 20 феврали соли 1985 Ҷои таваллуд: ноҳияи Восеъ
Миллат: тоҷик Таҳсилот:олӣ
Соли2007 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст.
Ихтисос: муҳосиб ва аудит
Унвони илмӣ: доктори илмҳои иқтисодӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ. англисӣ
Вакили халқ ҳаст ё не: Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: соли 2021 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст
Вазъи оилавӣ: оиладор
Кор ва фаъолиятисобиқа:
Солҳои 2022-2007 |
Донишҷуи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
|
08.2007 то 10.2007 |
Ходими хурди илмии шуъбаи «Шаклҳои моликият ва хоҷагидорӣ»-и Институти иқтисодиёт кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
|
10.2007 то 01.2008 |
Иқтисодчии Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
|
Солҳои 2008-2011 |
Аспиранти рӯзонаи Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
|
|
04. 2011 то 05.2011 |
Ходими илмии шуъбаи «Омӯзиши бозорҳои кишоварзӣ»-и Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
|
Солҳои 2011-2012 |
Муаллими калони кафедраи «Фаъолияти бонкӣ»-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
|
Аз 01.2012 то 01.2012 |
Ходими калони илмии шуъбаи «Бозори воситаҳои истеҳсолот ва хизматрасонӣ»-и Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
|
Солҳои 2012 - 2013 |
Мудири шуъбаи «Омӯзиши муаммоҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои кӯҳистони»-и Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
|
Солҳои 2013 –2014 |
Мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
|
Солҳои 2014 –2020 |
Директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе |
|
Аз 02.2020 то 11.2020 |
Директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе |
|
Солҳои 2020 -2022 |
Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
|
Аз моҳи августи соли 2022 то 29 январи соли 2024 |
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи иқтисод ва молия |