Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси ноҳияи
Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон
таъин намудани Холиқзода Р.Ҳ.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Холиқзода Рустам Ҳикматулло раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№744

 

 

ХОЛИҚЗОДА Рустам Ҳикматулло

аз 12 июли  соли 2021 дар вазифаи   Муовини якуми раиси ноҳияи Ҷалоллиддини  Балхии вилояти Хатлон  кор  мекард.

Соли таваллуд 28 майи соли 1971         Ҷои таваллуд ноҳияи Ҷ. Балхӣ

Миллат тоҷик                                           Таҳсилот олӣ

соли 1991 Техникуми молиявӣ-иқтисодии Душанбе (рӯзона) 

соли  2013 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст

Ихтисос муҳосиби молия, иқтисодчӣ-муҳандис

Унвони илмӣ надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не вакили Маҷлиси Ҷамоати   

  шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  не

Вазъи оилавӣ оиладор

 

Кор  ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1993-1999-

Ҳисобчӣ-хазиначӣ дар Маркази радиоии №5-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Солҳои 2000-2001-

Ҷонишини директори Маркази радиоии №5-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Солҳои 2001-2003-

Сардори хоҷагии таҷрибавии ба номи Н. Қарабоеви   ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Солҳои 2004-2006-  

Муҳандиси Маркази радиоии №5-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Соли 2006 (08-10)-    

Устои барқ дар филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Солҳои 2007-2017-   

Муовини директори Маркази радиоии №5-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Солҳои 2017-2020-

Раиси Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ     

Солҳои 2020-2021-

Муваққатан бекор

Аз июли соли 2021  
то 30 январи соли 2024

Муовини якуми раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520