Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Гернот Эрлерро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Олмон дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби сохторҳои аврупоӣ баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт: «Олмон, ки дар Аврупо ва ҷаҳон нақши намоён дорад, дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамеша мақоми муҳимро доро аст».
Ҷонибҳо аз робитаҳои пайвастаи сиёсӣ ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон, ки аз рӯзҳои аввали истиқолияти давлатӣ касб намудани кишвари мо ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмакҳои беғаразонае, ки ба Тоҷикистон расонда шудааст ва лоиҳаҳои иҷтимоие, ки имрӯз аз ҷониби доираҳои ғайриҳукуматии Олмон амалӣ мешаванд, арзи сипос кард.
Гуфтугӯйи судманд атрофи татбиқи босамари Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, ки ташаббускори асосии он Ҷумҳурии Федеролии Олмон аст ва оид ба таҳияи консепсияи нави ҳамкориҳои техникӣ, сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки чор самти асосии ҳамкорӣ дар доираи стратегияи мазкур муайян шудааст. Инҳо самтҳои мусоидат ба таҳкими институтҳои давлати ҳуқуқбунёд, мубодилаи олимону донишҷӯён, истифодаи захираҳои обию энергетикӣ ва танзими муносибатҳои сарҳадию мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст, ки ҳама барои Тоҷикистон бисёр муҳиманд. Зикр гардид, ки барои татбиқи ин ҳадафҳо беш аз ҳама ба Тоҷикистон давлатҳои Олмон, Фаронса ва Италия дасти кӯмак дароз мекунанд.
Ба гуфти Гернот Эрлер Ҷумҳурии Федеролии Олмон омода аст чанд лоиҳаи инвеститсионии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои хурди обӣ ва таҷдиди трансформаторҳои нерӯгоҳи Норакро маблағгузорӣ кунад.
Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи таҳкими ҳамкории минтақавӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, бартараф кардани хатари минаҳо дар сарҳади миёни Тоҷикистону Узбекистон ва оид ба равандҳои сиёсати байналмилаӣ табодули назар карда шуд.