Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

07.02.2024 11:28, шаҳри Душанбе
Таъиноти кадрӣ  07.02.2024

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мувофиқа бо Сарвари давлат сардорони раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, сардорони баъзе аз раёсатҳои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аз ҳисоби кадрҳои кордону варзида ва ҷавону ояндадор таъин гардиданд.

Ҳамчунин, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуму муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат таваҷҷуҳи ҳозиринро ба камбудию норасоиҳое, ки дар кори ин ва дигар мақомоти давлатӣ ба назар мерасанд, ҷалб намуда, барои бартараф намудани онҳо, муборизаи беамон бар зидди ҳама гуна ҷинояткорӣ, назорати харҷи босамари маблағҳои буҷетӣ ва татбиқи ҳадафмандонаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандӯстӣ ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Таъкид гардид, ки донистани на кам аз ду забони хориҷӣ, тарбияи кадрҳои ҷавону ватандӯст ва содиқ ба давлату миллат ва ҳамчунин мусоидати ҳамаҷониба ба таҳкими амну субот дар ҷомеа аз вазифаҳои асосии ҳар як хизматчии давлатӣ ба ҳисоб меравад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520