Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба робитаҳои хориҷӣ Бенита Ферреро-Валднерро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он баррасӣ шуд.
«Мо азм дорем, ки ҳамкории худро бо Иттиҳоди Аврупо инкишоф диҳем, аз ин хотир ҳадафҳои Стратегияи Иттиҳоди Аврупоро оид ба Осиёи Марказӣ мо хуш пазируфтаем», - изҳор дошт зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Бенита Ферреро-Валднер аз бӯҳрони энергетикӣ ва озуқавории зимистони гузашта дар кишвари мо ёдовар шуда, таъкид дошт, ки Иттиҳоди Аврупо омода аст минбаъд низ барои бартараф намудани чунин мушкилот ба Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон дасти ёрӣ дароз кунад. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳамкориҳои энергетикӣ омода аст, дар Тоҷикистон бунёди нерӯгоҳҳои хурди обӣ ва дигар иншооти камҳаҷми инфрасохториро маблағгузорӣ карда, ба рушди деҳот мусоидат намояд.
Ҷонибҳо дар бораи татбиқи амалии Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ, Барномаи аврупоии идораи сарҳадот (БОМКА ва КАДАП) ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, маориф, фарҳанг ва рушди соҳибкории хусусӣ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашадор ва мушкилоти вобаста ба минаҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Узбекистон табодули назар карда шуд.
Хотиррасон бояд кард, ки мутобиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ дар солҳои 2007-2010 ба Тоҷикистон 66 миллион евро ҷудо мегардад. Ҳамчунин қобили зикр аст, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо аз соли 1992 ин ҷониб баҳри дастгирии рушд ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 500 миллион евро кӯмак расонда шудааст.