ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи сардори Сарситод-муовини аввали
Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани генерал-майори гвардия Ализода Ҷ.Ҷ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Генерал-майори гвардия Ализода Ҷонибек Ҷурабек бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Сарситод - муовини аввали Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
29 феврали соли 2024
№764