Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон Антонио Гутйерреш

31.03.2008 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон Антонио Гутйеррешро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Идораи Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон дар барқарорсозии сулҳу созиш дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба саҳмгузорон арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Антонио Гутйерреш Тоҷикистонро намунаи тобони ҳамгироии Идораи Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон бо як кишвари алоҳида номида, аз ҷумла таъкид дошт, - «имрӯз Тоҷикистон натанҳо мушкилии гурезагони худро пурра ҳаллу фасл намудааст, балки ба фирориёни давлати Афғонистон кӯмаки беғаразона мерасонад ва дар таъмини субот дар Осиёи Марказӣ нақши муҳим мегузорад». Ӯ ҳамчунин изҳор дошт: - «мо мехоҳем дар мисоли таҷрибаи нодири Тоҷикистон кори худро дар дигар нуқтаҳои доғи олам босамар ба роҳ монем».

Ҷонибҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистон бо ин ва дигар сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва ба роҳ мондани ҳамкории босамари минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520