Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Шӯрои директорони Бонки ҷаҳонӣ

07.03.2024 12:00, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо ҳайати Шӯрои директорони Бонки ҷаҳонӣ 07.03.2024

7 марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шӯрои директорони Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар кишвари мо бо иштироки ин ниҳоди молиявӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Зимни суҳбат ҷиҳати тобовар намудани иқтисодиёти кишвар ба таҳдиду хатарҳо ва ҷалби бештари сармоягузориҳои шарикони рушд ба соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар табодули андеша сурат гирифт.

Дар мулоқот барои таъмини рушди устувор, хусусан, ҷалби сармояи иловагӣ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, экология, инкишофи сайёҳӣ, таҳкими муқовимат ба оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин ташаккули иқтисоди сабз ва идомаи рақамикунонӣ зарур дониста шуд.

Дастгирии идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, маблағгузории рушди соҳаи энергетика ва таъмини амнияти озуқаворӣ намунаи ҳамкории судманди Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ арзёбӣ гардид.

Дар робита ба вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим ва шиддат гирифтани пайомадҳои онҳо ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳо ва фишори омилҳои манфӣ ба иқтисоди миллӣ роҳандозии татбиқи ислоҳоти муттасил зарур шуморида шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугуйи судманд анҷом доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520