Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

28.03.2008 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти сатҳи вазорату идораҳо, мақомоти судӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пешниҳодшударо барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.

Зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолатҳои тамаъҷӯӣ дар мақомоти судӣ изҳори нигаронӣ карда, нафарони ба вазифаҳои муовини аввал ва муовини раиси суди вилояти Хатлон, раисони судҳои ноҳияҳои Қубодиён ва Хуросон ва вазифаҳои судяҳои судҳои вилояти Хатлон ва ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъиншавандаро ба кори бенуқсони софдилона ва садоқатмандона ҳидоят намуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки вазифаи судҳо танҳо ҳукм баровардан нест, балки пешгирӣ аз ҷинояту қонуншиканӣ ва баланд бардоштани дониши ҳуқуқии аҳли ҷомеа низ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони мақомоти судӣ ба шумор меравад.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лочин Файзуллоев Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Саидаҳмад Дӯстов ва Айхон Шарипова муовинони раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Абдукарим Ғиёсов муовини Сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Юнус Бобиев раиси Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок ва ду нафари дигар ба вазифаҳои роҳбарони муассисаҳои давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист таъин карда шуданд.

Барои таъин намудани Насимҷон Ҳакимов ба вазифаи Роҳбари Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева ва Турабег Назаров ба вазифаи Мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ бо Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ розигӣ дода шуд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи онҳоро ба кори поку беолоиши ба манфиати давлату миллати худ равонагашта ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520