Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Шигео Катсу

27.03.2008 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Шигео Катсуро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи муътабари молиявӣ баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо дар бораи вазъи имрӯзаи макроиқтисодии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он, ҳамоҳангсозии кор бо муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ва кишварҳои мададрасон дар самтҳои ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Таваҷҷӯҳи зиёд ба масоили тезондани омодасозии асоснокии техникию иқтисодии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун, таҷдиди нерӯгоҳҳои обии амалкунанда, бунёди нерӯгоҳҳои ҳароратии ангиштӣ ва ба ташкили бозори минтақавии нерӯи барқ зоҳир гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин пиромуни равандҳои глобалии иҷтимоию иқтисодӣ, таъсири он ба иқтисодиёти кишварҳои алоҳида ва роҳҳои ҳимояи бозори истеъмолӣ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520