Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар назди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд

11.04.2024 11:46, шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар назди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд 11.04.2024

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои наву замонавии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ бунёд шудааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.

Бинои Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар назди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд дар масоҳати умумии 3 ҳазору 200 метри мураббаъ бунёд гардидааст.

Шароити муҳаёгардида дар маркази мазкур имконият медиҳад, ки таълим дар ду баст барои то 200 нафар ба роҳ монда шавад ва ҳамин тариқ дар як сол беш аз 2400 нафар бо касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ аз синфхонаи барҳавои таълимӣ бо 25 компютер, толори таҷрибаомӯзӣ, толори бисёрфунксионалӣ, ҳуҷраҳои машваратӣ, ҳуҷраи санитарию гигиенӣ, ҳуҷраҳои барҳавои корӣ барои маъмурият, 3 устохонаи таълимӣ, китобхона барои шахсони имконияташон маҳдуд, толори маҷлисгоҳ барои 150 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Иншооти хуштарҳу замонавии навбунёд дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтарсозии малакаи касбӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ бунёд гардид.

Иншоот аз 3 ошёна иборат буда, он бо мақсади ҷалби сармоя ба истеҳсолот оид ба беҳтарсозии малакаҳои касбӣ дар доираи ҳамкори дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд амалӣ гардид.

Сохтмони иншооти мазкур моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шуд. Баъди ба истифода додани Маркази мазкур 50 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар марказ дар баробари омӯзиши 5 намуди касб, аз ҷумла устои барқ, кафшергар, андовагар ва усто барои насб кардани панелҳои офтобӣ, ҳамчунин аз худ кардани забонҳои куриёӣ, англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегарданд. Ҳамчунин дар бино устохонаҳои кафшергарӣ, пардозгарӣ ва нигаҳдории таҷҳизоти барқӣ ҷойгир карда шудааст.

Дар заминаи маркази мазкур барои беҳтар кардани хизматрасонӣ ба ҷавонон ва занон бунёди 3 маркази нави рушди малакаҳо дар назар аст, ки бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.

Дар Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монда шудааст. Шароити фароҳамгардида дар маркази мазкур имкон медиҳад, ки новобаста аз синну сол нафароне, ки хоҳишу завқи соҳибкасб шудан доранд, метавонанд дар ин ҷо ба таври ройгон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд.

Иншооти навбунёд бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин буда, дар он 36 камераи назоратӣ насб гардидааст.

Инчунин дар саҳни бинои муосир майдончаи хурд барои бозии футбол бунёд шудааст ва гирду атрофи он бо гулҳои рангоранги мавсимӣ оро ёфтааст.

 Дар иншоот панелҳои офтобӣ насб гардидааст, ки биноро ҳама вақт бо неруи барқ таъмин менамояд. Ҳамчунин синфхонаҳо ва дигар ҳуҷараҳои ёрирасони он бо системаи гармидиҳӣ пайваст буда, дар фасли зимистон дохили бино бо гармӣ таъмин мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дар иншооти навбунёд ба масъулин ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар дохил ва хориҷи кишвар дастуру супоришҳои мушахас доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520