Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

12.04.2024 18:20, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарони ду давлат вазъи вобаста ба обхезии баҳориро дар як қатор минтақаҳои Қазоқистон баррасӣ намуданд.

Сарвари давлати мо дастгирии ҷониби моро аз мардуми бародари Қазоқистон дар робита ба обхезиҳои  калонмиқёс дар он кишвар изҳор карданд.

Пешвои миллат зимни ёдоварӣ аз тадбирҳои зарурии муассир ва саривақтии Ҳукумати Қазоқистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавӣ ва коҳиши оқибатҳои офати табиӣ, изҳори бовар намуданд, ки пайомадҳои он дар фурсати кӯтоҳ рафъ хоҳанд шуд.

Дар ин робита Президенти Тоҷикистон таъкид доштанд, ки аллакай Ҳукумати кишварро доир ба фавран омода кардани ёрии башардӯстонаи иборат аз хӯрокворӣ ва маводи зарурати аввалия барои фиристодан ба минтақаҳои осебдидаи Қазоқистон вазифадор намуданд.

Сарони давлатҳо дар идомаи суҳбат масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ намуда, азми тарафҳоро барои идомаи ҳамкории зичи ду кишвар дар қолабҳои гуногун таъкид намуданд.

Дар рафти суҳбат ҳамзамон оид ба барномаи мулоқотҳои наздик дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба табодули афкор сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520