Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Рангин Додфар Спанто

24.03.2008 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Рангин Додфар Спанторо ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба омода кардани мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон ва масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуд.

«Мо итминони комил дорем, ки ҳамкории дарозмуддат, бунёдӣ ва гуногунсоҳаи Тоҷикистону Афғонистону Эрон ба нафъи ҳар се кишвар ва суботу амният ва пешрафти минтақа аст», - изҳор дошт зимни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки то баргузории вохӯрии сарони се давлат бояд аз ҷониби гурӯҳҳои босалоҳияти корӣ тарҳу санадҳои зарурӣ баҳри ташкили ҳамкории пурсамар дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тиҷорат, илму фарҳанг ва таҳкими амнияту субот дар минтақа омода карда шаванд.

Ба ҳам пайвастани шабакаҳои барқии се кишвари мазкур ва Покистон, бунёди роҳҳои оҳан ва мошингарди минтақавӣ, ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва савдою сармоягузорӣ аз ҷумлаи лоиҳаҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба ва сеҷониба маънидод гаштанд. Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба бунёди роҳҳои оҳану мошингарди байни Чину Афғонистон аз тариқи Тоҷикистон зоҳир гардид.

Мусоҳибон таъкид бар он доштанд, ки таъсиси Шӯрои иқтисодии Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва Комиссияи муштараки ҳамкориҳои сеҷониба бояд аз натиҷаҳои асосии вохӯрии сарони се давлат гардад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зарурати иҷрои саривақтӣ ва пурраи санадҳои қаблии ҳамкории дуҷониба ва сеҷониба ва омода кардани асосҳои ҳуқуқии фаъолияти телевизиони муштараки се кишвар ва пахши моҳворавии онро таъкид намуд.

Дар мулоқот ҳамчунин пиромуни бозсозии иқтисодиёти Афғонистон, беҳтар намудани кори гузаргоҳҳои марзӣ ба хотири густариши тиҷорат ва ҳамлу нақли транзитӣ, мубориза бо истеҳсол ва гардиши гайриқонунии маводи нашадор ва масоили амнияти минтақавӣ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520