Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Манучеҳри Муттаки

24.03.2008 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Манучеҳри Муттакиро, ки барои иштирок дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ва ба роҳ мондани равобити сеҷонибаи се кишвар баррасӣ шуд.

«Мо дар симои Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз шарикони асосӣ ва стратегии худро мебинем», - таъкид дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо манфиатҳои зиёди муштарак ва зарурати ба роҳ мондани ҳамкории судманду фарохи сеҷонибаро таъкид намуда, оид ба роҳу василаҳои татбиқи он гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Лоиҳаҳои муштараки бунёди нерӯгоҳи обии «Сангтӯда-2» ва нақби «Чормағзак», омодагӣ ба бунёди нерӯгоҳи «Шӯроб», хатти интиқоли нерӯи барқ ва роҳҳои оҳану мошингарди байни Тоҷикистону Эрон аз тариқи Афғонистон ва таъсиси якчанд корхонаи нави саноатӣ дар Тоҷикистон, ки таҳти назорати бевоситаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод қарор доранд, дорои аҳамияти зиёд барои кулли кишварҳои минтақа маънидод гаштанд.

Таҳия ва қабули Барномаи Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ барои солҳои 2009-2015 ва таъсиси Шӯрои иқтисодии Тоҷикистону Эрону Афғонистон аз воситаҳои асосии амалӣ намудани имкону захираҳои фаровони муштарак маънидод гаштанд.

Таъкид гардид, ки яке аз ҳадафҳои асосии мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон омода кардани вохӯрии сеҷонибаи сарони давлатҳои мазкур дар шаҳри Душанбе аст, ки соли равон бояд баргузор гардад.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили сиёсати байналмилалию минтақавӣ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520