Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии “Насими диёр”-и ноҳияи Данғара

24.05.2024 17:00, ноҳияи Данғара
Ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии “Насими диёр”-и ноҳияи Данғара 24.05.2024

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, дар деҳаи Яккатути деҳоти Корези ноҳия ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии “Насими диёр” расман оғоз бахшиданд.

Иншоот ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони маҳаллӣ шудааст.

Дар ҳудуди маҷмаа майдони бозиҳои кӯдакона, варзишгоҳ барои футбол бо 840 ҷойи нишаст ва тарабхона бо 150 ҷой бунёд шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз инфрасохтору шароити фароҳамгардида ва ба сифати корҳо баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкоронро дар самти дастгириву татбиқи барномаву стратегияҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.

Варзишгоҳи маҷмаа дар заминаи татбиқи Барномаи давлатии рушди футбол барои солҳои 2022-2026 бунёд гардидааст. Майдони муосир макони хуб барои баргузории мусобиқаҳои футбол мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси ҷавонмардонаи соҳибкорро намунаи ибрат хонда, ба фаъолият оғоз кардани иншоотро ҷиҳати рушди сайёҳӣ ва татбиқи ҳадафҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар дар самти рушди деҳот неку муассир арзёбӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520