Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо узви Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Ю Донгсу

24.05.2024 21:15, ноҳияи Данғара
Мулоқот бо узви Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Ю Донгсу 24.05.2024

24 май дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Ю Донгсуро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот масоили таҳкиму густариши муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Ҳар ду ҷониб аз ҳолати феълии робитаҳои Тоҷикистону Корея изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Зимни мулоқот рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳими сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима гардид.

Таъкид шуд, ки бунёди корхонаҳои истеҳсоли зарфҳо ва пластинаҳои офтобӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”, ки имрӯз барои сохтмони онҳо санги асос гузошта шуд, оғозбахши марҳалаи нави рушди ҳамкорӣ хоҳад гардид.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ инчунин масоили мубрами минтақавию ҷаҳониро баррасӣ намуданд.
     

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520