Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти сохтмони меҳмонхонаи муосир дар маркази ноҳияи Данғара

24.05.2024 21:30, ноҳияи Данғара
Шиносоӣ бо рафти сохтмони меҳмонхонаи муосир дар маркази ноҳияи Данғара 24.05.2024

Бегоҳии рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони меҳмонхонаи муосир дар маркази ноҳияи Данғара ташриф оварда, бо рафти корҳои аввалия барои бунёди ин иншоот, ки аз 16 ошёна иборат хоҳад буд, шинос шуданд.

Тавре аён гардид, зербинои заминии меҳмохона бунёд ёфта, омодагӣ ба идомаи сохтмон ҷараён дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки суръати сохтмон тезонда шуда, ҳамчунин ба сифати корҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Хотиррасон бояд намуд, ки сохтмони ин меҳмонхонаи муосир иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ аст. Онҳо азм доранд, ки дар ободонии ноҳия, бунёди заминаи ҷалби сайёҳону меҳмонони дигар ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ саҳмгузор бошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520