Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4

04.04.2012 14:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4-ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рӯзгори исмоилиёни Тоҷикистон ва ҳолати кунунию дурнамои рушди ҳамкорӣ бо Созмони Оғохон оид ба рушд баррасӣ шуд.
Карим Оғохони 4 аз расман сабти ном шудани Маркази фарҳангии исмоилия дар шаҳри Душанбе ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, ин амалро нишонаи возеҳи озодии дину эътиқод ва таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон маънидод кард.

Ҷонибҳо аз натиҷаҳо ва муҳтавои ҳамкории бисёрсола, аз ҷумла доир ба ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои сершумори Тоҷикистон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, обрасонӣ, энергетика ва бунёди роҳу пулҳои мошингард, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон густариши бештари робитаҳои судбахшро зарур донистанд.

«Аксари лоиҳаҳои Тоҷикистон, ки бо ҷалби сармоягузорӣ аз ҷониби Созмони Оғохон оид ба Рушд амалӣ шудаанд ва ё татбиқашон идома дорад, дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, аз ҷумла ба нафъи мардуми Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа низ хизмат мекунанд»,- таъкид гардид зимни суҳбат.
Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520