Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 15-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар 11 нафар хизматчиёни ҳарбиро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз намуд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои комёбӣ дар роҳбарӣ ва идораи қӯшунҳо, таъмини қобилияти мудофиавӣ, омодагии олии касбӣ ва ҷасорату фидокорӣ ҳангоми иҷрои қарзи ҳарбӣ се нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, чор кас бо медали Ҷасорат ва чор нафар бо ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуданд.
Ҳамин тариқ хидматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи кишвар Алидод Бектошев, Садриддин Неъматов ва Акрам Сайвалиев бо ордени Шараф дараҷаи 2, Хуршед Қосимов, Темур Қурбонов, Саидаҳтам Одинаев ва Умар Юнусов бо медали Ҷасорат ва Урунбек Асадов, Рахмоншо Давлатов, Зайниддин Ризвонов ва Нуриддин Сафаров бо ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба идомаи хизмати софдилона ва содиқона ба манфиати таҳкиму тақвияти қудрати мудофиавии кишвар ҳидоят намуд.
Онҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бовар кунонданд, ки ҳамеша ба қарзи ватандорӣ, савганди низомӣ ва савганд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқ монда, баҳри пурзӯру тавоно намудани Артиши Миллии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.