Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири давлатии адлия, фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Сенегал Серин Диоп

11.02.2008 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии адлия, фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Сенегал Серин Диопро баҳузур пазируфт.

Вазири давлатии адлия, фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Сенегал дар оғози мулоқот нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи махсуси Президенти кишварашро, ки дар он аз Сарвари Давлати Тоҷикистон барои иштирок дар Саммити навбатии Созмони Конфронси Исломӣ даъват ба амал оварда шудааст супорид.

Зимни мулоқоти пурмўҳтаво Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар чаҳорчўбаи сиёсати усулии равобит ва ҳамкории васеъу мутақобилан судман бо ҳама минтақа ва давлатҳои ҷаҳон ба рушди муносибатҳои дўстона ва ҳамкории амалӣ бо кишварҳои олами ислом, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Сенегал ҳавасманд мебошад.

Дар мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки кишварҳои мусулмонӣ қодиранд, ки бо кўшишҳои муштарак сатҳи баланди зиндагӣ ва пешрафти тарақиёти бештареро ноил гарданд.

Вазири давлатии адлияи Ҷумҳурии Сенегал Серин Диоп дар мулоқот аз ҳавасмандии давлаташ бобати рушди муносибатҳо бо Тоҷикистон ёдовар шуда изҳори боварӣ намуд, ки иштироки Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомолӣ Раҳмон дар чорабиниҳои давлатҳои исломи қадами устувору таҳқимбахшандаи муносибатҳои гуногунҷабҳаи давлатҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ мегардад.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили марбут ба вазъият дар бархе аз кишварҳои мусулмонӣ, аз қабили Афғонистон, Ироқ, Судон ва шиддатёбии авзоъ дар Шарқи наздик мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520