Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиасғар Амир Шеърдӯст

07.02.2008 21:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиасғар Амир Шеърдӯст эътимоднома қабул намуд.

Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Алиасғар Амир Шеърдӯст, ки баъди маросими супурдани эътимоднома ҷараён дошт, масоили ҷорӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мавкеи усулии Тоҷикистонро бобати рушди харчи бештари равобити дӯстона таъкид намуда, аз оғоз ёфтани марҳилаи ҳамкориҳои бунёдӣ ва стратегӣ дар муносиботи иқтисодию техникии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кард.

Нақбҳои мошингарди Истиқлолу Чормағзак, нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 ва дигар иншооти стратегӣ, ки бо дасти бародарони тоҷику эронӣ бунёд меёбанд, намунаҳои ҳамкории пурсамари иқтисодии Тоҷикистону Эрон маънидод гаштанд.

Алиасғар Амир Шеърдӯст изҳор дошт, ки барои суръат бахшидани корҳо дар иншооти муштараки ду кишвар, ки дар Тоҷикистон бунёд меёбанд, ҷаҳду талош хоҳад кард, бахусус барои қабл аз мӯҳлати муайяншуда ба кор даровардани нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2.

Ҷонибҳо омодагии устувори худро баҳри идомаи босамари ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дӯсту ҳамзабон таъкид намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва равандҳои сиёсии мавҷуда табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520