Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар маҷаллаи аврупоии “Diplomatic World” мақолаи “Меъмори сулҳ” нашр гардид

04.10.2012 09:25

2 октябри соли 2012 маҷаллаи бонуфузи аврупоӣ “Diplomatic World” (Олами дипломатӣ, ш.Брюссел) (№ 36) мақолае дар ҳаҷми 5 саҳифа таҳти унвони “Меъмори сулҳ” бахшида ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нашр кард. Мақола мӯҳтавои китоберо, ки 28 сентябри соли ҷорӣ дар ш. Брюссел аз ҷониби яке аз машҳуртарин ширкатҳои иттилоотиву консалтингии Аврупо “Big Media Group” ба забони англисӣ ва фаронсавӣ таҳти унвони шабеҳ ба чоп расид («The Architect of Peace», «L’Architecte de la Paix»), кӯтоҳ тавсиф медиҳад.

Дар китоби мазкур, ки зери таҳрири аъзои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Масов интишор шудааст, муаллифон, профессор Абдуфаттоҳ Шарифзода ва номзади илмҳои таърих Абдулло Ғафуров бар асоси манбаъҳои эътимоднок дар бораи фаъолияти бистсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, талошҳои фавқулода ва нақши таърихии Сарвари давлат дар ҷодаи барқарорсозии сулҳу ризоияти миллӣ ва сохтори давлатии кишвар, баргардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан, дар қабули Сарқонуни нави Тоҷикистон, таҳкими ҳокимият ва истиқлолияти давлатӣ, дар рушди иқтисодиёт ва фарҳанг, инчунин дар баланд бардоштани мақому манзалати байналмилалии давлати соҳибихтиёри тоҷик маълумот медиҳанд.

Дар мақола ба забони англисӣ гуфта шудааст, ки китоби номбурда моро ба саёҳати ҳақиқии таърихӣ таклиф менамояд, ки зимни он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва тақвияти сулҳу субот ва гулгулшукуфоии сарзамини тоҷик саҳми худро мегузорад. “Diplomatic World” махсусан таъкид мекунад, ки “Эмомалӣ Раҳмон ба дӯши худ масъулияти бузургро гирифта, тавонист манфиатҳои умумимиллиро волотар аз манофеи хусусӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ гузорад”.

Дар мақола, ба ғайр аз тасвиру тавсифи “Роҳи тӯлонии расидан ба сулҳ” ва иқдомҳои муассир доир ба рушду нумуи фарогири соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти кишвар, инчунин дар бобати эътирофи байналмилалӣ ва тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, шарикони аврупоӣ ва осиёӣ қайд карда мешавад, ки бевосита ба фаъолияти роҳбари он Эмомалӣ Раҳмон вобастааст. Мақола диққати хонандагонро ба он ҷалб менамояд, ки ба шарофати сиёсати “дарҳои кушода”-и Тоҷикистон дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо дигар кишварҳо ва субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ сол аз сол боло меравад, ҳамзамон бинобар ақидаву мавқеи принсипноки ваҳдатсозӣ, инсондӯстӣ ва сулҳпарварӣ Президент Эмомалӣ Раҳмон чи дар дохили кишвар ва чи дар хориҷи он сазовори обрую нуфуз ва эҳтироми беандоза шудааст.

Боиси зикр аст, ки маҷаллаи аврупоии “Diplomatic World” бо теъдоди 25 000 нусха нашр гардида, 65 000 хонандаро дар кулли Иттиҳоди Аврупо фаро мегирад. Тибқи суханҳои Мудири ин нашриёти мӯътабари аврупоӣ, хонум Бернадетт Рейнтйенс, он миёни роҳбарияти олии сиёсии тамоми сохторҳои Иттиҳоди Аврупо ва НАТО, дигар созмонҳои байналмилалӣ, элитаи сиёсӣ ва тиҷоратии Аврупо паҳн мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520