Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Натиҷаҳои сафари расмии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон

06.10.2012 13:30

Натиҷаҳои сафари расмии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон, аз ҷумла санадҳои нави имзошуда ва тавофуқоти зиёди ҳосилгардида ба рушди минбаъдаи ҳамшарикии стратегии ду давлати дӯст, таҳкими амнияту суботи минтақавӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон такони ҷиддӣ мебахшад.

Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, ҷониби Русия бар ивази ба муҳлати 30 сол дароз шудани замони будубоши Пойгоҳи низомии 201 Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро бо техникаи ҳарбӣ, яроқу аслиҳа ва лавозимоти муосири низомӣ таъмин намуда, кумакҳои дигари ҳарбию техникӣ мерасонад ва омӯзиши кадрҳои низомии тоҷикро дар муассисаҳои таълимии худ васеъ ба роҳ мемонад. Мувофиқи тасмимоти ду ҷониб бояд қудрати дифоии Тоҷикистон тақвият дода шавад.

Мутобиқи созишномаи дигар Хадамоти федералӣ оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовари Федератсияи Русия ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кумаки техникӣ 5 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо менамояд.

Тибқи тавофуқоти дар соҳаи энергетика ҳосилшуда ҷониби Русия ҳар сол ба Тоҷикистон дар ҳаҷми то 1 миллион тонна маводи сухти нафтӣ, ки баробар ба эҳтиёҷоти дохилии солонаи кишвари мо мебошад, бе боҷи гумрукии содиротӣ содир менамояд. Ҳамчунин аз ҷониби Русия дар Тоҷикистон бояд як зумра нерӯгоҳҳои хурду миёнаи обӣ, аз ҷумла дар болои рӯдҳои дохилии Зарафшон, Фондарё ва Хингоб бунёд намояд.

Тасмимоти ҷиддии дигар доир ба навсозии иқтидори саноатии Тоҷикистон гирифта шуд, ки тибқи он барои эҳёи корхонаҳои мавҷуда ва бунёди иншооти нави саноатӣ дар Тоҷикистон дар зарфи 20 соли оянда аз ҷониби Русия бояд 12 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда шавад. Тавре зикр гардид, ин кор имкон медиҳад, ки мардуми Тоҷикистон дар дохили кишвар бештар бо кор таъмин шуда, муҳоҷирати корӣ ба Русия коҳиш ёбад.
Тибқи санади дар соҳаи муҳоҷират имзошуда бошад, муҳлати аз қайд гузаштани муҳоҷирони корӣ баъди воридшавӣ ба ҳудуди Русия бояд аз 3 рӯзи ҳозира ба 15 рӯз ва муҳлати иҷозатномаҳо барои кор дар Русия аз 1 соли ҳозира ба 3 сол иваз карда шавад.

Натиҷаҳои ин сафар ба рушди ҳамкорӣ дар соҳои сиёсат, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, иқтисодиёту иҷтимоиёт, энергетика, саноат, муҳоҷират, маориф, илму техника ва фарҳанг ба таври муфассал дар Изҳороти муштарак оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст.

Дар ин бора Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода иттилоъ доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520