Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар Боку

16.10.2012 13:43, Озарбойҷон

Дар шаҳри Боку-пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони як зумра кишварҳои дигар ҳамоиши 12-уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд.

Барои иштирок дар ин ҳамоиш ба шаҳри Боку, ҳамчунин сарони давлатҳои Афғонистон, Покистон, Эрон, Сарвазири Туркия, намояндагони воломақоми Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистону Узбакистон ва фиристодагони созмонҳои дигари минтақавию байналмилалӣ ташриф оварданд.

Дар ҳамоиш масоили вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, маориф, илму техника, тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз лоиҳаҳои сершумори минтақавӣ доир ба инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, истифодаи захираҳои обию барқӣ, бунёди минтақаҳои тиҷорати озод, эҷоди шароити мусоид барои рафтуомади озоди одамон ва интиқоли бемамониати молу нақлиёт ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва кишварҳои аъзои он бояд дар татбиқи босамари онҳо фаъолу ташаббускор бошанд.

Таъкид гардид, ки ин созмон ва кишварҳои аъзои он метавонанд ташаббусро дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои оҳану мошингард, аз ҷумла роҳи оҳани Чин-Қиргизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, хатҳои интиқоли нерӯи барқ ба мисли лоиҳаи КАСА-1000, хатҳои интиқоли газ ва ғайра ба дасти худ бигиранд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз фаъолияти Хазинаи вижаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба эҳёи Афғонистон ва Нақшаи амалиёти он, изҳори боварӣ намуд, ки ин созмон аз лоиҳаи бунёди Маркази минтақавии касбию техникӣ оид ба омодасозии кадрҳо барои иқтисодиёти Афғонистон дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад.

Дар фароварди сухани худ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: «Тоҷикистон ба усулҳо ва ҳадафҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ содиқ буд ва хоҳад монд ва омода аст сатҳу сифати ширкати худро дар чаҳорчӯбаи фаъолияти он баландтару хубтар намояд».

Хотиррасон бояд намуд, ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) соли 1985 аз ҷониби Эрон, Покистон ва Туркия таъсис ёфта, соли 1992 ба он Афғонистону Озарбойҷон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ аъзо шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520