Дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Боку Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи амалии санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Барномаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон, ки моҳи июли соли равон зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Боку ба имзо расида буд, зоҳир гардид.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамгироии ду кишвар дар бахшҳои иқтисод ва савдо, нақлиёту комммуникатсия, энергетика ва саноат, ба хусус дар самти транзити байналмилалӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ, рушди бесобиқа пайдо мекунад.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамгироии байналмилалии Тоҷикистону Озарбойҷон сурат гирифт.