Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо намояндагони ҷамъияти тоҷикони Финляндия

23.10.2012 23:13, Финландия

Шоми рӯзи 23 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Ҳелсинки – пойтахти Финландия шуд.

Боздиди нахустини Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Финландия бо мулоқоти судманди ӯ бо ҳамзабонону ҳамватанони муқими ин кишвар оғоз ёфт.

Дар оғози вохӯрӣ хотиррасон гардид, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни сафарҳои хориҷӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо тоҷикону ҳамватанони бурунмарзӣ мулоқотҳои судманд анҷом диҳад.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрӯз Тоҷикистон бо 124 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда, барои фароҳам овардани заминаи зарурии ҳамкории гуногунҷанба бо онҳо қариб 1,5 ҳазор шартномаву дигар санадҳои ҳуқуқӣ ба имзо расондааст.

Аз марҳилаи “шиносоии мутақобила” ва “интизории қадамҳо ба сӯи якдигар” гузашта, ба масири рушди бемайлон ворид шудани робитаҳои Тоҷикистону кишварҳои Аврупо заминаи хуб барои густариши ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла бо ҷалби ҳамзабонону ҳамватанони муқими ин қитъа номида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимнан изҳор дошт: “Мо ҳавасманди ҷалби ҳамдиёрони бурунмарзиамон ба равандҳои бунёдкорӣ дар Тоҷикистон буда, хоҳони онем, ки онҳо шарикони доимии Ҳукумати кишвар дар раванди рушди устувори ҷумҳурӣ бошанд”.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки «давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пушту паноҳи ҳамаи ҳамватанону ҳамдиёрони бурунмарзӣ аст ва сарфи назар аз маҳалли кору зиндагиашон, бо қадри имкон онҳоро дастгирӣ мекунад».

Дар мулоқот сӯҳбати озоду самимӣ сурат гирифт. Зимни он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои ҳамзабонону ҳамватанони муқими Финляндия посух гуфта, ба масъулини дахлдор аз ҳайати ҳамроҳи худ барои татбиқи амалии пешниҳодҳои муфиди онҳо дастуру ҳидоятҳо дод.

Ба ҳамватанони муқими Финляндия, ҳамчунин асбобҳои мусиқӣ ва либосҳои милили тоҷикӣ, китобу маводи дигари муаррификунандаи ҳаёти гузашта ва имрӯзаи Тоҷикистон тақдим карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520