Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Финландия

24.10.2012 15:27, Финландия

Субҳи имрӯз барномаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Финландия бо мулоқоту музокирот бо Президенти ин кишвар Нийнистё САУЛИ идома ёфт.

Мулоқоти роҳбарони сатҳи олии ду кишвар бо маросими истиқболи расмӣ оғоз ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар назди қасри Президент Сарвари давлати Финландия Нийнистё Саули истиқбол гирифт.

Маросими истиқболи расмӣ бо садо додани сурудҳои миллии ду кишвар ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду кишвар ҷараён гирифт.

Масоили ташкил ва густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Финландия нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Нийнистё Саули баррасӣ шуд.

Муҳокимаи муфассали масоили ҳамкории ду кишвар дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ идома ёфт.

Таъкид гардид, ки захираҳои фаровони табию нерӯи инсонии Тоҷикистон ва сармояву технологияҳои муосири Финландия заминаи хуб барои густариши робитаҳои мутақобилан судманд аст.

Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, хусусан гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳои Тоҷикистону Финляндия номида шуд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ сурат гирифт. Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки Тоҷикистону Финландия доир ба масоили зиёди амнияти минтақавию ҷаҳонӣ, обию энергетикӣ, экологӣ, ҳифзи иқлими сайёра аз гармшавӣ ва таъмини дастрасии васеи аҳолии ҷаҳон ба оби поки ошомиданӣ мавқеи ягона ва ё ба ҳам наздик дошта, дар ин самт ҳамгироии судманд ба роҳ мондаанд.

Баъди анҷоми музокироти расмӣ як созишномаи байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя ба имзо расид.

Зимни изҳороти матбуотӣ сарони ду давлат ба натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Финляндия баҳои баланд доданд.

Президенти Финландия Нийнистё Саули аз ҷумла изҳор дошт: «Финландия ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар доираи мусоидат ба бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осишта дар Афғонистон манфиатдор аст ва мо барои ин аз тамоми имкону захираҳои ду кишвар омодаем босамар истифода барем».

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ҷойгоҳ ва нуфузи хоси Финландия дар умури сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Иттиҳоди Аврупо изхор дошт, ки “Тоҷикистон ба рушди ҳамкории гуногунчанба бо ин кишвар ҳавасманд аст».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520