Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ваколатдори парлумонии Финландия оид ба ҳуқуқи инсон Петри Яааскелайнен

24.10.2012 22:08, Финландия

Худи ҳамин рӯз дар шаҳри Ҳелсинки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо Ваколатдори парлумонии Финландия оид ба ҳуқуқи инсон Петри Яааскелайнен мулоқот намуд.

Эмомалӣ Раҳмон доир ба фаъолияти институти ваколатдори Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон иттилоъ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки тайи собиқаи кӯтоҳи он, яъне аз соли 2009 ба ин сӯй, барои кори пурсамари ин муассиса заминаи зарурии ҳуқуқӣ муҳайё гардидааст.

Таъкид гардид, ки таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз самтҳои афзали ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аст.

Хотиррасон карда шуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 2350 созмони ҷамъиятии ғайриҳукуматӣ, зиёда аз 4 ҳазор иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла 74 иттиҳодияи ғайриисломӣ, 8 ҳизби сиёсӣ, 400 рӯзномаю маҷалла (250-тоаш хусусӣ) ва 44 шабакаи радиотелевизионӣ, ки 28-тоаш ғайриҳукуматӣ аст, озодона фаъолият мекунанд.

Аз ҳамкории босамар дар чаҳорчӯби барномаи 30-моҳаи Вазорати корҳои хориҷии Финландия – «Баробарӣ дар назди қонун: дастрасӣ ба адолати судӣ дар Осиёи Марказӣ» ва дигар робитаҳои ду икшвар дар ин самт изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520