Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари ҳайати ҶСК «ИНТЕР РАО ЕЭС»-и Федератсияи Русия Борис Ковалчук

11.03.2011 17:00, шаҳри Душанбе

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ҳайати Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ИНТЕР РАО ЕЭС» - и Федератсияи Русия Борис Ковалчукро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи энергетикаи барқӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷўҳи асосӣ ба фаъолияти имрўза ва ояндаи нерўгоҳи барқии Сангтўда – 1, пардохти қарзи ШСХК Барқи Тоҷик ба ин нерўгоҳ, имконоти иштироки Русия дар бунёди нерўгоҳҳои нави барқӣ, хатти 500 – киловолтаи интиқоли нерўи барқи КАСА – 1000 ва бунёди бозори минтақавии фурўши нерўи барқ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ зоҳир карда шуд.

Зикр гардид, ки барои пардохти қарзи ШСХК Барқи Тоҷик ба нерўгоҳи Сангтўда – 1 нақшаи мушаххас тартиб дода шудааст ва то охири соли равон қарздорӣ бояд пурра бартараф карда шавад.

Дар робита ба имкони иштироки Русия дар татбиқи лоиҳаи КАСА – 1000 ва бунёди нерўгоҳҳои нави барқӣ дар Тоҷикистон, Борис Ковалчук изҳор дошт, ки «дар сурати вуҷуд доштани бозори содироти нерўи барқ Русия омода аст, ки дар амалӣ намудани ин ва дигар лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон фаъолона иштирок намояд».

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар посух изҳор дошт: «Тоҷикистон тасмими Русияро ба иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии дорои аҳамияти минтақавии худ хуш мепазирад».

Зимни сўҳбати созанда ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаи барқӣ таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520