Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Алиасғари Шеърдўст

11.03.2011 18:00, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдўстро ба ҳузур пазируфт.

Дар оѓози сўҳбат Алиасғари Шеърдўст даъватномаи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд. Маҳмуди Аҳмадинажод аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намудааст, ки дар ҷашни байналмилалии Наврўзи имсола дар Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намояд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла татбиқи амалии санадҳои миёни ду кишвар баимзорасида, баррасӣ шуд.
Бинобар гузориши Алиасғари Шеърдўст, ба хотири рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, Ҷумҳурии Исломии Эрон тасмим дорад, ки дар Тоҷикистон бо харҷи 500 миллион доллари амрикоӣ як корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори солонаи 2 миллион тонна бунёд карда, ҳамчунин як донишгоҳи техникию технологӣ, як донишгоҳи умури сайёҳӣ ва ду шифохона ифтитоҳ намояд.

Таъкид гардид, ки навбати аввали нерўгоҳи барқии Сангтўда – 2 то Ҷашни солгарди 20 истиқлоли давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520