Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морел

15.03.2011 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морелро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

«Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро шарики муҳими байналмилалии худ дониста, ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳад, ки бо он ҳамкории пойдору дарозмуддати мутақобилан судманд дошта бошад»,- изҳор намуд дар оѓози сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

«Иттиҳоди Аврупо ба нақши Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан дар робита ба барқарорсозии иқтисодиёт ва амнияту субот дар Афғонистон, баҳои баланд медиҳад», - изҳор дошт дар посух Пйер Морел.

Аз сатҳ ва мазмуни муносиботи рушдёбандаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва робитаҳои мунтазам доир ба масоили гуногуни мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Қаноатмандӣ, аз ҷумла, аз баргузории ҷаласаи нахустини Кумитаи ҳамкории миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва Конфронси нуҳуми гурўҳи ташаббуси Осиёи Марказӣ оид ба амнияти сарҳадҳо, ки бештар бо номи мухтасари КАПСИ маъруф аст, зоҳир карда шуд.

Доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, тақвияти ҳифзи сарҳадот ва ҳамчунин ҷалби сармоя ба бахшҳои стратегии иқтисоди Тоҷикистон, идоракунии захираҳои обу энергетика, ҳифзи муҳити зист, рафъи камбизоатӣ, рушди маорифу тандурустӣ, тавсиаи ислоҳоти демократӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520