Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Кумитаи Шўрои Федератсияи Русия доир ба ИДМ

19.03.2011 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи Шўрои Федератсияи Русия доир ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Андрей Малчановро, ки бо як ҳайати бонуфуз ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла дар чаҳорчўби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баррасӣ шуд.

Ҳарду ҷониб омодагии худро барои таҳкими мақом ва нақши Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар раванди рушди ҳамкории судманди кишварҳои аъзои он, хусусан имсол - дар чаҳорчўби раёсати Тоҷикистон дар ин созмон, таъкид намуданд.

«Ба Тоҷикистон вогузор намудани раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 20 солагии таъсиси ин созмони минтақавӣ нишонаи эътимоди баланд ба кишвари Шумо аст», - иброз дошт Андрей Молчанов зимни сўҳбат бо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон назаррас хоҳанд буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520