Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Моту Кониши ва Намояндаи нави ин бонк дар Тоҷикистон хонум Марша Олив

31.03.2011 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Моту Кониши ва Намояндаи нави ин бонк дар Тоҷикистон хонум Марша Оливро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози сўҳбат Моту Кониши ба Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи нави ин бонк дар Тоҷикистон Марша Оливро муаррифӣ намуда, ҳавасмандии устувори Бонки ҷаҳониро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо кишвари мо таъкид намуд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷўҳи асосӣ ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар давраи бартарафсозии оқибатҳои бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва дар шароити болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ ва озуқаворӣ зоҳир карда шуд.

Масоили вобаста ба ташхиси техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун ва хатти баландшиддати барқии КАСА – 1000 низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Изҳори боварӣ карда шуд, ки кори коршиносони бонуфузи ҷаҳонӣ бо сифати баланд ва дар мўҳлатҳои муайяншуда ба поён расида, ба ҳамаи баҳсҳои атрофи ин лоиҳа дар минтақа хотима мегузорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520