Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

20.04.2011 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум паёми навбатии худро ба парлумони кишвар ирсол дошта, самтҳои асосӣ ва дурнамои сиёсати дохилию хориҷии давлатро муайяну мушаххас намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз дастовардҳои 20 соли рушди мутақили Тоҷикистон мухтасар ёдовар шуда, бо шукрона таъкид дошт, ки эҳёи давлатдорию дигар арзишҳои миллӣ ва натиҷаҳои пешрафту тараққиёт маҳз аз файзи истиқлолияти давлатии кишвар аст.

Хотиррасон гардид, ки соли 2010 ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 1997 2,6 ва буҷети давлатӣ 75 баробар афзун шуд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,5 баробар, кишоварзӣ 2,8, ҳаҷми гардиши савдои чакана 3,2, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 7,8 ва даромади пулии мардум 38 баробар афзоиш ёфт.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъмини рушди бемайлони иқтисодиёт, аз ҷумла тавассути дастгирии соҳибкории хусусӣ, ба хусус соҳибкории истеҳсолӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷиро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номида, таъкид дошт, ки ҳар гуна монеаҳои ин роҳ бояд бартараф карда шаванд.

Аз ҷумла супориш дода шуд, ки то нимсолаи дуюми соли 2012 лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия карда шавад ва ба муҳокимаи он доираи ҳарчи васеи мутахассисону коршиносон, соҳибкорон ва дигар андозсупорандагон ҷалб гардад.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, афзоиши воқеии маҷмўи маҳсулоти дохилӣ бояд дар ҳаҷми на камтар аз 6-7 фоиз, сатҳи таваррум на беш аз 7-9 фоиз таъмин гардад ва даромади буҷети давлатӣ то соли 2015 ба 22-23 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ баробар шавад. ҳаҷми маблағгузории хароҷоти маош дар буҷети давлатӣ бошад, бояд ба 8-9 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ расонида шавад. Дар ин сурат имкон фароҳам меояд, ки “дар давраи миёнамўҳлат маоши миёнаи кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёда аз ду баробар баланд бардошта шавад”, – таъкид гардид дар паёми Сарвари давлат.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз фаъолияти босамари соҳибкорони хусусии кишвар, аз ҷумла 800 ҳазор ҷойҳои кории дар даҳ соли охир муҳайёнамудани онҳо, ба сохторҳои масъули давлатӣ дастур дод, ки «ба ҳама гуна тафтишу санҷиши фаъолияти соҳибкороне, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд, дар муддати се соли аввал мораторий эълон карда шавад». ҳамчунин, супориш дода шуд, ки лоиҳаи ?онун "Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусус?" таҳия ва ба баррасии ҳукумат пешниҳод карда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, боло бурдани иқтидори содиротӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ ва минбаъд боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, ҳамчунин барои таҳия ва пешниҳоди як қатор барномаҳои нави давлатӣ ва санадҳои қонунгузорӣ супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки бояд низоми мусоиди давлатӣ доир ба дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии содирот ба роҳ андохта шавад. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон низоми истифодаи қаъри замин бояд тавре мукаммал гардад, ки сарватҳои табиии зеризаминӣ дар ҳудуди Тоҷикистон коркард шаванд, на ин ки ба шакли ашёи хом ба берун раванд. Таъкид гардид, ки истихроҷ ва коркарди нафту газ ва ангишт низ дар Тоҷикистон бояд ба яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ табдил дода шавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадди 30-35% кам будани захираи имсолаи барфро дар сарчашмаҳои ташаккули дарёҳои Тоҷикистон хотиррасон карда, бори дигар аз ҳамагон даъват намуд, ки нерўи барқ ва обро сарфакорона истифода баранд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки барои таъмини аҳолии ниёзманди кишвар бо манзили зист ва қитъаи наздиҳавлигӣ дар ду соли охир барои 150 ҳазор оила 21 ҳазор гектар замин ҷудо карда шуд. Дар солҳои истиқлоли давлатӣ беш аз 120 ҳазор гектар замин барои сохтмони манзил ба аҳолӣ тақсим карда шудааст. Аз ин рў ва хотири афзун намудани ҳаҷми умумии заминҳои кишоварзӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барномаи нави давлатии азхуднамоии заминҳои бекорхобида таҳия ва қабул карда шавад. ҳамчунин дастур дода шуд, ки 70-80 ҳазор гектар замини партови солҳои пешин обёришуда, дубора ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои намоён дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуда, барои боз ҳам ҷоннок намудани корҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Бо таваҷҷўҳ ба боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои татбиқи босамари қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд», баъди қабул шудани он, як барномаи мушаххаси давлатӣ таҳия ва пешниҳод карда шавад.

Хотиррасон карда шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон шумораи мактаб-интернатҳо аз 43 адади замони шўравӣ ба 84 ва теъдоди тарбиятгирандагони онҳо ба 8300 нафар расидааст, ки аксарашон ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат мебошанд. 2 ҳазор нафари онҳо духтаронанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои бо таҳсил ва ҷойи кор фаро гирифтани онҳо баъди хатми мактаб-интернатҳо бояд чораҳои судманд андешида шаванд ва аз ҳамагон даъват намуд, ки дар ин кор ба ин гуна ҷавонон дасти кўмак дароз кунанд. Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба муҳайё намудани ҷойҳои корӣ барои занону духтарон ва ҷалби бештари онҳо ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ дода шуд.

Аз роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо талаб карда шуд, ки дарҳои худро барои қабули шаҳрвандон, шунидани арзу доди онҳо ва мусоидат ба ҳалли мушкилоташон боз намоянд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвият додани кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла дар самти пешгирӣ аз амалҳои террористию ифротгароӣ, нашамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубориза бо ҷинояткорӣ, ба хусус ҷиноятҳои коррупсионӣ, зоҳир гардид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳимояи ҳамаҷонибаи манфиатҳои миллӣ, таъмини озодиву истиқлоли давлат, амнияту суботи ҷомеа, кафолати пешрафту тараққӣ ва тақвияти ҷойгоҳи хоси Тоҷикистонро дар низоми навини равобити байналмилалӣ рисолат ва ҷавҳари сиёсати хориҷӣ арзёбӣ намуд.
Чунонки таъкид гардид, дар вазъи зудтағйири низоми муносибатҳои байналмилалӣ ҳам “давлати мо чун ҳамеша тарафдори ҳамкории созанда бо ҳар як ҷониби хайрхоҳ буда, сиёсати мутавозину мусолиматомез ва санҷидаву фарогиреро пеш гирифтааст, ки ҳадафи он ҳарчи зиёдтар намудани сафи дўстони Тоҷикистон аст”.

Эмомалӣ Раҳмон аз қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об” эълон шудани соли 2013, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон сурат гирифт, ёдовар шуда, таъкид дошт, ки “ақидаи асосӣ ва калимаи марказӣ дар ин ибора «ҳамкорӣ» аст, ки ҳадаф ва мақсаду мароми моро ифода месозад” ва афзуд: “Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкорист ва ҳар пешниҳоде, ки дар арсаи минтақавӣ ва ё байналмилалӣ манзур мекунад, иборат аз ҳамкорӣ аст”.

Бо таваҷҷўҳи хоса ба вазъи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ба хусус дар соҳаи обу энергетика Сарвари давлати Тоҷикистон изҳор дошт: “Мо борҳо аз минбарҳои баланд таъкид кардаем ва имрўз низ иброз медорем, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки онро бо нияти нек ва ҳамкории созандаи кишварҳои ҳамсоя ҳал кардан ғайриимкон бошад! Ин мавқеъ, қабл аз ҳама, ба ҳаллу фасли масоили обу энергетика дар минтақа дахл дорад, ки ҳамеша вирди забонҳост ва калиди ҳалли ин масъаларо мо метавонем боз ҳам бо як калима ифода намоем: ҳамкорӣ!” 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сару садоҳои мавҷуда дар бораи имконияти такрори ҳодисаҳои баъзе кишварҳои арабӣ дар Осиёи Марказӣ чунин посух гуфт: “мардуми огоҳи Тоҷикистон, ки аллакай як бор қурбони чунин дасисаҳо гашта буд, маънии оромиву осоиш ва қурби сулҳу салоҳро хуб дарк мекунад, чун халқи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронида роҳи ҳалли низомии қазияҳоро рад менамояд ва ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли сулҳхоҳона ва мусолиматомези ҳамаи мушкилот, тарафдори муросову мадоро ва хостори амнияту суботи кишвари хеш мебошад”.

Дар фароварди сухан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори умеду боварӣ намуд, ки мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон ҷашни бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Ватани азизи худро бо дастовардҳои арзанда дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар истиқбол гирифта, дар бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ва зиндагии босаодати наслҳои имрўзу фардо нақши намоён мегузоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520