Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

20.04.2011 17:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону масъулони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат вазъи молиявӣ дар се моҳаи аввали соли равон, вусъати киштукори баҳорӣ, масоили таъмини амнияти озуқавории кишвар ва омодагӣ ба истиқболи сазовори солгарди 20 истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, дар се моҳи аввали соли равон пешравиҳо дар ҳамаи соҳаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба назар расида, афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 6,5% -ро ташкил дод ва ба 4,4 миллиард сомонӣ баробар шуд. Ба буҷети давлатӣ то 1 апрели соли равон 1 миллиарду 472 миллион сомонӣ ворид шуда, нақшаи даромадҳо ба он 107% иҷро гардид. Ин нишондод нисбат ба соли гузашта 500 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар баробари ин таъкид гардид, ки қисми хароҷоти буҷет низ рў ба афзоиш дорад. Аз рў аз роҳбарони тамоми сохторҳои марбута талаб карда шуд, ки барои афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра ва ба ин васила таъмин намудани рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар тадбирҳои муассир андешанд.

Супоришҳои мушаххас доир ба вусъат додани киштукори баҳорӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, истифодаи босамар аз заминҳои обӣ, азхуднамоии заминҳои нав ва муҳайё кардани ҷойҳои корӣ дода шуд.

Бори дигар таъкид гардид, ки аз нерўи барқ ва захираҳои обӣ сарфакорона ва самаранок истифода баранд.

Дар назди масъулин, ҳамчунин доир ба истиқболи арзанда аз солгарди 20 истиқлолияти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520