Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Гурўҳи дўстии «Фаронса - Осиёи Марказӣ» - и Сенати Ҷумҳурии Фаронса

22.04.2011 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Гурўҳи дўстии «Фаронса - Осиёи Марказӣ» - и Сенати Ҷумҳурии Фаронсаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳавасмандии Тоҷикистонро ба густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳамоҳангу мутобиқ ба равандҳои имрўзаи ҷаҳонӣ номида, аз ҷумла изҳор дошт: «Муносиботи Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо марҳилаи «шинохтани якдигар» ва «мунтазирии қадамгузорӣ ба истиқболи ҳамдигар» - ро пушти сар кардаанд ва метавонанд ба давраи ҳамкории бештару мушаххас ворид шаванд. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «чунин ҳолат дар мисоли муносиботи Тоҷикистон бо Фаронса бештар аён мегардад.

Аз ҳамкории сиёсӣ ва низомии миёни сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Фаронса изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҳамзамон густариши бештари ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ зарур шумурда шуд. Ширкати васеи сармояи Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноии энергетикӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва истифодаи захираҳои фаровони обӣ ба манфиатҳои кулли кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистон арзёбӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки чунин ҳамкорӣ метавонад ба тавсиаи робитаҳои иқтисодӣ ва ҳам ба таҳкими амнияту суббот дар ин минтақаи фарох мусоидати фаъол намояд.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин доир ба роҳҳои муассири мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва доир ба дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520