Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири амнияти ҷамъиятии Чин Мэн Ҷянҷу

25.04.2011 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон узви Шўрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Ҷянҷуро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масолили ҳамкории Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд.

«Мо аз пайвастагии рушди муносиботи дўстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки ҳамсояи наздик, дўсти содиқ ва шарики боэътимоди мо аст, қаноатмандем», - изҳор дошт дар оѓози сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сатҳу муҳтавои баланди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахшҳои стратегии иқтисодиёти Тоҷикистон, чун энергетика, нақлиёту коммуникатсия, сохтмон, савдо ва сармоягузорӣ самараи муносиботи дўстӣ ва ҳамсоягии хуби ду кишвар арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон бо ин, барои боз ҳам бештар густариш додани робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистону Чин, дар баробари дигар тадбирҳои судбахш, ба таври доимӣ дар ҳамаи фаслҳои сол фаъол гардондани гузаргоҳи сарҳадии Кулма ва ба он додани мақоми байналмилалӣ зарур шумурда шуд.

Гуфтугўйи судманд доир ба вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, тавсиаи ҳамгироиҳои муштарак дар самти мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир чун терроризму ифротгароӣ, гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, сурат гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба авзои Афѓонистон ва таъсири манфии он ба кишварҳои минтақа зоҳир гардид.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520